Нагард хеч гуломи ачнабию хору хас На таджикском я
Нагард хеч гуломи ачнабию хору хас,
То гири аз хавои поки Ватан нафас.
Лулаболиштат бошад гар дар Ватан санге,
Бех аз он, ки дар бандаги курпаи атлас.
Аз ононе, ки имруз хочагони туяд,
Сифоти нек мекуни дар хар сухбат ба кас,
Бехабар з-он, ки як гадои худочуе
На донае умед мебарад з-онон на хас.
Ширин аст гуё хаёти хочагону ту,
Аммо макун чунин хаётро харгиз хавас.
Нагардида мафтуни хонапарвардае,
Наку бингари агар он хавою хавас,
Бубини дар амал ту болу паркандае
Чу мурге, ки парварда бошандаш дар кафас.
Надидем магар, ки бе хеч огоз ё фарчом
Дар махфили хосе ин пучмагзони нокас
Бо базлаи ночоеву латифае хом
Мешаванд он маъракаро мисли хармагас?
Хар замоне, ки бозавк орзу мекуни
Аз висоли он зебосанамхои кадрас,
Ёд овар, к-онон чумла пучмагзанду хоманд,
Мисли меваи хушруянд, валек хонарас.
Свидетельство о публикации №121011801314