Махфили Ворисони Маъдан. На таджикском языке
МАХФИЛИ "ВОРИСОНИ МАЪДАН"*
Махфили мо бас чавон асту валек
Машхур аст дар нохия бо номи нек.
Доимо бо шеъру охангу суруд
Мефиристонад ба мардумон дуруд.
Хар як аъзояш хайрхоху босавод,
Менамояд бо мехр омода мавод.
Дилкашу рангин бувад ашъорашон,
Чун нишоне аз нигохи некашон...
Ахли мехнат кахрамони хар асар,
Ошикону маъшукони гулбасар,
Номбардорони диёри пурсамар,
Пайравони Туйчию* Хучаназар*,
Хамчу Маъдан* кони маъни ёфтагон,
Мисли Махмуд* дар чавони рафтагон,
Куху даштро чун гулистон кардагон,
Шухрати Ашт то фалак бардоштагон...
Мавзуи механ хуш аст чун аз азал,
Мекушоем мо варо дар хар масал,
Лаззаташ ширинтар аз шахду асал,
Точикистон - зеби хар шеъру газал,
Кишвари озоду сулху вахдаташ,
Халки хушбахту комёб аз захматаш,
Коваи охангару* дирафши нанг,
Кахрамонихои бемисл вакти чанг,
Он шахидон, ки бахри хифзи Ватан
Мисли Нурулло* шуданд гулгункафан...
Шукри айём менамоем дар сухан,
Васф намуда халки шоду ин Ватан,
Ворисони оли Сомони баор,
Ворисони Маъдани овозадор!
_______________________________
Свидетельство о публикации №120121008576