Хокруба. Мусор. Сказка на таджикском языке

         Х О К Р У Б А

 (Мазмун аз афсонаи булгори)

Яке буду яке набуд,
Дар зери осмони кабуд,
Дар домани кухе баланд
Шому сахар дар даст каланд
Як пирамарде бо писар
Хушбахт умр мебурд ба сар.
Боге доштанд бехад базеб,
Пур аз дарахти ноку себ,
Аз хосили бог хонадон
Обод буду таъмин ба нон.
Осуда мебурданд хаёт,
Доим Худоро карда ёд.

Чун писараш гардид калон,
Мисли падар шуд пахлавон,
Омухт пурра касби падар,
Панч панчааш гардид хунар,
Он пирамарди ботамкин
Ният бинмуд ёбад келин...

Фасли тирамох чун расид,
Равон бинмуд ба дех косид.
Ба косид гуфт: "Рузи дигар
Касе намонад бехабар,
К-аз хосили имсолаам
Ба мардумони дехаам
Бар ивази хокрубахо
Медихам хар хел мевахо".

Чун косидаш рузи дигар
Ба деха расонд ин хабар,
Аз пагохи то вакти шом
Назди дараш шуд издихом:
Яке овард бо ароба
Кам не - садсола хокруба!
Дуюми бошад бемалол
Бо хари худ чандин чувол.
Сеюми халта дар сараш,
Чоруми бор дар замбараш,
Панчуми бошад, бо азоб
Вазни бораш мекард хисоб...

Бар ивази хокрубааш -
Хокрубаи чандрузааш,
Чандхафтаю чандмохааш,
Хатто, ки чандинсолааш,
К-оварда буд аз хонааш,
Хар кас бигрифта мевааш,
Аз назди ин марди ачиб
Мерафт шукргуён аз насиб.

Охири руз як духтарак
Дар даст тугуне хурдтарак
Омад ва пас аз салом
Шармгинона бинмуд калом:
"Аз хонаи мо хеч гахе
Хокруба ё хору кахе
Напартоянд бурун аз дар,
З-он, ки ин оварад зарар.
Хасрубахоро дар танур
Афканда сузондан зарур,
Хокрубахою хокистар
Меандозем мо ба гудал -
Хар сол дар аввали бахор
Чун пору меояд ба кор.
Азбаски дар хавлии мо
Нишоне нест аз партовхо,
Бишнуда ин пагох эълон,
Рафтам назди хамсоягон.
Хавлияшон кардам тоза
Аз хокрубаи чандруза.
Пас аз анчоми кор ба ман
Хокруба доданд чанд грамм.
Бо ин дасторчаам онро
Овардам ман назди Шумо..."

Чун духтарак гуфт ин сухан,
- Бар волидайнат сад ахсан!-
Гуён, пирамард хурсанд шуд,
Яъне духтарак писанд шуд.

Пас пирамарди бохирад
Рафту уро хостгори кард.

Баъд аз ду хафта дар деха
Туе барпо намуд сара!

Мо дар он туй мехмон будем
В-аз бахташон шодон шудем.

Ахли деха ба он хона
Бо либосхои идона
Омада чун дар афсона
Хонданд суруду тарона -
Ба келину ба навчавон
Хушбахти хостанд аз Яздон.

Афсона буд хеле содда,
Вале, агар онро хонда,
Мазмунашро хуб фахмида,
Ёбед панде писандида,
Дар зиндаги бахри шумо
Нафъе расад з-он доимо!



             2004


Рецензии