Киссаи санг. Сказание о камне. На таджикском языке

         

                «Сози ин куњсор ѓайр аз нола оњанге надошт
                Орамидан ин ќадарњо кард сангин сангро.»
                Бедил                .



Ќ И С С А И    С А Н Г.
 

Ёде кунам аз дењаам
Бигрифта бар даст хомаам ,
Санге ба ёд ояд њаме,
Он шоњиди шоду ѓаме…
 
Дар гўшаи дењ санг буд
Санги басо хушранг буд,
Аз чилвањои офтоб
Гирдаш зи нур оњанг буд.
Бас розњо бишнудааст
Ин санг њама айёмњо,
Ќалбаш эњсос бинмудааст
Шўри дили Хайёмњо…
 
Рўзи бањор болои санг,
К-аз нури хуршед гарм буд,
Як нављавон аз сўњбати
Гулдухтаре саргарм буд.
Завќи азиме доштанд
Аз дидани дидорашон,
Базму шукўње доштанд
Дар гўшаи пиндорашон.
Меболиданд аз ишќи худ,
Шавќу суруру завќи худ.
Гўё њама буду набуд
Дар оѓуши он санг буд…
Њамсояам буд он љавон,
Њамсоядухтар дар бараш,
Афсонаи ишќи нињон
Мегуфт ба гўши дилбараш.
Оњангашон санг нарм кард,
Дилњои сардро гарм кард,
Чун шўълаи бахт Маљнуне
Бар ин чањон дилгарм кард.
 
Бо ваъдаи мењру вафо,
Бо ёди умри босафо
Он сол љавони хушлиќо
Карда хабар њамсояњо
Дар дењаи мо тўй кард,
Њамсоядухтар шўй кард.
 
Соле гузашт  аз он замон,
Омад хазон,омад хазон,
Аз ишќи он ду нављавон
Худ бехабар аз ин љањон
Як кўдаке олам дид,
Аз рўзи аввал ѓам дид.
Аз  кудакї он бадбахт,
Он мубталои рўзи сахт,
Рўи падар-ш боре надид,
Љуз модар ѓамхоре надид,
Дар назди худ ёре надид,
Ёру мададгоре надид.
 У дар талоши рўзгор
Бо модари афтодањол,
Гоњ хаставу гањ зери бор,
Мекард зам соле ба сол.
Боре падар ёдаш накард,
Дар рўзи г\ѓам шодаш накард,
Аз кишвари бегонагон
Як нома ирсолаш накард.
Аз кудакї бањраш њаёт
Бас тираву якранг буд,
Ширинии ќанду набот
Талху мисоли занг буд,
Дилхушии њамсоягон
Гар наздики он санг буд,
Дил кудаки бечораро
Худ порае аз санг буд,
Байни ваю он санги дењ
Гўё хазор фарсанг буд…
 
Рўзе ба модар гуфт писар,
Бар зонуяш бинњода сар:
-Ту модари љони мани,
Њамдарду ормони мани.
Танњо будї солњои сол,
Ќуте нахўрдї бемалол.
Бањри ман,эй дурру гуњар,
Њам модар будї њам падар.
Њар тирамоњ аз роњи дур
Њамдењагон шоду масрур
Меомаданд бар дењи худ,
Назди фарзанду мењи худ…
Он рўзњо шаб то сањар
Болини худ бинмуда тар,
Ту менигаштї сўи дар
Шояд,ки меояд падар…
Акнун,ки ман шудам калон,
Имсол бо њамсоягон
Бар љустуљўяш меравам,
Шояд ба кўяш мерасам.
 
Бо сад умед ин гулписар
Он сол намуд азми сафар.
Љои падар кофт дар шимол,
Њам дар Сибири пуршамол,
Дар Уралу дар Шарќи Дур,
Дар Кавказу дар Барнаул...
 

Охир зи Перм омад хабар
Он љо њамезистаст падар.
Хурсандиаш буд беканор,
Гум карда буд сабру ќарор.
То дидани рўи падар
Хобе намерафт ў дигар.
Дарду ѓамаш њам кам бишуд,
Санги дилаш њам нарм бишуд.
Дунё ба ў рангин намуд,
Гўё њаёт сангин набуд,
Гўё ѓами якумрааш
Дур шуд,кушод гашт чењрааш…
 
Дар шањри Перм ин нављавон
Бо ёрии њамдењагон
Бо тезї ёфт љои падар
Дар аввалин рўзи  сафар…
Истода як дам назди дар,
Бомењр гирифт номи падар.
Духтарчае дарро кушод,
Духтарчаи чењракушод,
Чашмаш кабуду малламўй,
Лабхандааш бас хушрўй.
«Папа,тебя!»-гуён бирафт
Аз писарак дармон бирафт…
Аз рафтани он духтарак
Хеле гузашту њељ касе
Бар ў надод аз худ дарак,
Дилтанг бишуд «мењмон» басе.
У  бо умед бори дигар
Таќ-таќ намуд пањлўи дар.
Ин дафъа марде ќадбаланд
Бо як нигоњи худписанд,
Ѓур-ѓуркунон дарро кушод,
Лек бар салом посух надод.
«Каво тебе?»-гуфта ба ќањр,
Гўё ба ў пошида зањр,
«Хељ ваќт надоштам ман писар»,-
Гўён биронд аз назди дар…
 
Бишнуда алфози даѓал,
Бедор бишуд ў аз маѓал,
Њам хории худ дарк намуд,
Он даргоњро зуд тарк намуд.
Тарбузаш афтод аз баѓал,
Бигрехт писар аз он мањал…
Дилсардии вай аз чањон
Дигар надошт њадду карон.
Ќалби варо садњо савол
Бештар њамедоданд малол.
Кош рањмдиле бањри савоб
Дида холи он дилкабоб,
Медод ба у шофї љавоб
Бинмуда орї аз азоб !
 

Чун аз касе надид имдод,
У санги дењ овард ба ёд-
Ќалбаш бароварда диранг
Он дам зи сардињои санг,
Уро намуд хеле гаранг,
Дунё барояш карда танг…
 
То кай фаќат он санги дењ
Аз калбхо бикшояд гирењ?
То кай фаќат дар назди  санг
Ором гиранд дилњои  танг?
То кай фаќат санги Ватан
Аз номусу нанги Ватан
Гардида воќиф бо алам,
Бо шиквањои пур зи ѓам
Нолад ба њоли зори мо
Бо оњи ѓамнок бесадо?

Чанд моњ пас омад хабар:
Дар кишвари дур аз назар
Гашта ба шањрњо дар ба дар
Ёфтаст писар љои падар.
Аммо падар маѓрур ба хеш
Ќалби варо бинмуда реш,
Фарзанди хеш нашнохтааст,
Уро ба кањр дур сохтааст…
 
Модар,ки чашмаш чор буд,
Бар пайѓоми неке зор буд,
Аз мољаро огоњ шуд,
Боз њам насибаш «Оњ!»шуд.
Дунё барояш танг шуд,
Рўяш пур аз ољанг шуд,
У хеле ба танг омад,
Худ болои санг омад,
Бењолу гаранг омад,
Аз номусу нанг омад.
Он њусну љамолаш ку?
Ќомати ѓизолаш ку?
Он ќадду камолаш ку?
Сўзанда ба њолаш ку?
Ку ваъдаи он ѓаддор,
Он рубањаки маккор?
Ку бачаи бемораш?
Ку њамдаму ѓамхораш?
 
Оње кашид дар рўи санг,
Як дилхарош оњанг шуд
З-оњанги сардаш он замон
Гўё замона танг шуд.
Аз сардии оњи чукур
Ќалбаш мисоли санг шуд.
«Њайњот!»-гуфту мадњуш шуд,
Афтод зи санг хомўш шуд…
 

Бо нолањои хору зор,
Бо дидањои интизор,
Бо ашки сўзони ќатор
То бинад рўзе рўи ёр,
Умри љавоне сарф шуд,
Њамсоядухтар њайф шуд…

То кай дар мулки тољикон
Дињад садо доду фиѓон
Аз нолањои модарон,
Бадбахтии умри љавон,
Сарсонињои наврасон,
Чашми њазини кўдакон?
Эй халќи ман,кай ворањї
Аз «бахти тољиконаат»?
Кай ёбї аз худ огањї,
Карда ту обод хонаат?
Кай гардї ту соњиби бахт?
Кай ворањи аз рўзи сахт?
Кай мешавї аз ѓам људо.
Дида ту рањме аз худо?
 
Бар тољики бечораам,
Дар ин љањон овораам,
Бехонаю белонаам,
Дар мулки худ бегонаам,
К-аз дасти ин давру замон
Дар кишвари бегонагон
Хору њаќиру нотавон,
Ќадраш камтар аз хазон,
Сарсону саргардон шудаст,
Мањрум зи фарзандон шудаст,
Ин ќиссаи сангини худ,
Ин наќли бас вазнини худ
Мебахшаму дасти дуо
Бо сад умед во мекунам,
Аз Холиќи Арзу Само
Бењад даъво мекунам-
То тољики сарсахт низ
Рўзе бубинад бахт низ,
То халќи гашата дар ба дар
Аз нав нињад тољаш ба сар !

Гардид дуоям мустаљоб,
Ки Сарварам бањри савоб
Ба Русия бинмуд сафар,
То гирад аз халќаш хабар.
Эй кишвари озоди ман,
Эй мулки побарљои ман,
Эй манбаи илњоми ман,
Эй тољики шодкоми ман,
Гўем њама шукри худо,
Ки дорем чунин як пешво!
Хўрда ѓами халќи азиз,
Ин марди боаќлу тамиз,
Сулњи кишварро пуштибон,
Ѓамхори кулли тољикон
Донист,ки халќаш дар азоб
Бинмуд боз як коре савоб:
Њарчанд кораш бењад зиёд,
У Марди Кор бинмуда ёд,
Рафта бо ў вохурї кард,
Мард буду боз њам мардї кард.
Гўем ба ту «Сад офарин!»
Эй зодаи Хатлонзамин,
Марди њалолкору матин,-
«Сад офарин,сад офарин!»



                2004


Рецензии