Ба Махмадали Чураев. Акростих
Моро бародаре буд аз некмардон,
Аз равшанзамирон шерони майдон.
Хамроз буду мўнис бар ёру дўстон,
Меhр дошт ба Ватан зеби сад достон!
Афсўс, к-аз jаhон хеле jавон рафт,
Дарёдиле буд, аз соhиле рафт…
Аз Сои Пунѓаз он рўз то осмон
Ларзонда замин рафт доду фиѓон…
Имрўз мегўем, карда ўро ёд,
Чоят, Илоhо, эй дўст, jаннат бод!
Уро писарест, ки сухандон аст,
Ростќавлтарин дўст байни ёрон аст,
Аз кўдакияш боаќлу доност,
Зарофатгўю марде тавоност,
Оhангу завќаш чун шеъри Маъдан
Доим форам аст дар васфи Ватан.
Маќсудалї ном дорад он некписар,
Чўраест вафодор ў мисли падар.
Свидетельство о публикации №119070604450