Муборак бод наврузатон

    МУБОРАК БОД НАВРУЗАТОН

Омад баhору дар кўh ях дар завабон омадаст,

Савту суруди ошиќ аз нав бар забон омадаст,

Бойчечаки хандонрў тўёна либос дар тан

Бар пешвози офтоб бо ноз ба jавлон омадаст.

Дамидани сапедаро hис бинмуда бе шиквае,

Чароѓи субh дар наврўз боз hам jонфишон омадаст.

Хуршеди оламафрўз баhри дафъи дилсардиhо

Чеhрахандону шодон бар мулки моён омадаст.

Xафт сину hафт шин hоло аз hафт руќъаи адкан

Рўи мизи идона дар Тojикистон омадаст.

Кафки рўи суманак чун сайловард дамида,

Даруни деги тасфон гўё ба туѓён омадаст.

«Муборак бод Наврўзатон, фирўз бод hар рўзатон!» -

Бо ин нидоhо Соли Нав бар оламиён омадаст.
               
                2016


Рецензии