Ба аммаам Хосиятмо. Акростих на таджикском

 

      БА АММААМ ХОСИЯТМО



Хирад  з-аввал будаст хосияти ту,

Омилу амали ту, нияти ту.

Савдои замон гашт гарону, лекин

Имон намуд ќавї моhияти ту.

Яздон паноhат диhаду биhифзад

Табъи хуши туву офияти ту!

Моро зи муhаббату зи дустдори

Омад чунин шеър ба таhнияти ту.


Рецензии
Хирад з-аввал будаст хосияти ту,

Омилу амали ту, нияти ту.

Савдои замон гашт гарону, лекин

Имон намуд қавӣ моҳияти ту.

Яздон паноҳат диҳаду биҳифзад

Табъи хуши туву офияти ту!

Моро зи муҳаббату зи дӯстдорӣ

Омад чунин шеър ба таҳнияти ту.

Ин шеърро моҳи июни соли 2019 ба аммаи меҳрубонам ХОСИЯТМО бахшида, дар шакли мувашшаҳ навишта будам. Шеъри мувашшаҳ чунин аст, ки, агар ҳарфҳои аввали ҳар сатрҳоро хонед, номи шахсе,ки шеър ба ӯ бахшида шудааст, ҳосил мешавад.
Рӯзи 27 январи соли 2025, яъне 2 рӯз пеш аммаи меҳрубону, қадрдон вв дуогӯям бандагиро ба ҷо оварданд. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Илоҳо, Худованди Бахшандаву Меҳрубон аммамро раҳмат ва шоистаи ҷаннат намояд!
ОМИН, АЛЛОҲУ АКБАР!

Абдукаюм Мамаджанов   29.01.2025 19:36     Заявить о нарушении