Педагог. На таджикском языке

         ПЕДАГОГ
 
Педагогро мо мураббї низ меномем,
Пешравиhоямонро аз ў медонем,
Муаллимаш мегўем бо муhаббат,
Намуда hурмат ўро устод мехонем.

Лек педагог буданhаргиз нест осон,
Чунки ў бояд ба кулли шогирдон
Ба як чашм бингарад, дўсташон бошад,
Бикўшад, то hар якаш шавад инсон.

Аз муhаббату аз ишќи инсонї
В-аз сидќу вафо ба дўстони љонї
Бохабар кардан низ ќарзи педагог,
На вазифаи мураббии сонї.

Педагог бояд чун рафиќи ѓамхор
Бихўрад ѓами шогирдонаш падарвор,
Шарик бошад чу дўсти басо наздик,
Зи hар кори шогирд гашта хабардор.

То намонад бехабар з-илми замон,
То бигирад jой дар ќалби шогирдон,
Педагог бояд шабу рўз омўзад,
Шамида доимо нашъаи ирфон.

Педагогро дили васеъ мебояд,
Ёд аз кўдакї намудан мешояд,
То ки, гар шавад ќулф дили шогирде,
Бо калиди меhраш он дил бикшояд.


                11.02.2016               


Рецензии