Мукаддас дон забонро. На таджикском
Биё, эй hамватан, ќадри забон дон,
Муќаддас бошад он баhри hар инсон –
Муќаддас hамчу рамзи мулки обод
Ва чун ин Давлату ин Халќи озод,
Муќаддас чун Парчами серангдораш
Ва hамчун Сарвари бонангу ораш…
Чаро вактhои охир нутќи моён
Бишуд олудаи чанд лафзи вайрон?
Чаро таќлидкунон бар бесаводе,
Ки аз илми калом бе hеj маводе
Сухан гўяд бо фахру карру фар, лек
Надонад, ки чї фарќ дорад бад аз нек,
Намояд лафзи тjикї халалдор,
Ки баъзан мешавад боиси озор…
Бархе гўянд бародарро «акоча»,
Бузургиаш халал дорад? Чаро «ча»?
«Ака», ё ки «ако» аз туркї омад,
Ба таркиби забони мо даромад,
Ки ин номи бародари калон аст,
«Уко» бошад, хоси додаракон аст.
«Ча» ин нишони ночизиву хурд аст,
Бародари калон бошад, бузург аст.
Куjост мантиќу чаро ду зидмаъно
Шуданд дохили ин як лафзи беjо?
Магар ин «ча» нишони хушзабонист?
Ва ё jузъе зи лутфу меhрубонист?
Аз олиме бипурсидам дар ин боб,
Бигуфто: «Гар хабар дорї зи одоб,
Макун таhќир бузургеро бо ин «ча»,
Азизаш дон, ки ў набвад бозича.
Писандї гар ту алфози накўро,
Мадон ночизашу «jон» ном бар ўро.
Аз ин «ча» - ю, «ак» - у «як» - hои ноjо
Бикоhад нутќ, малол ояд ба дилhо.
Магў «мардак» ту хеч марди бутунро,
Маларзон бо ин лафз маhкам сутунро!
Занеро, ки мусулмону hалол аст,
«Занак» магў, ки бар мўъминон малол аст
Xунар бошад сухан дониста гуфтан,
Ва дурри hар маъниро бо илм суфтан».
…Забон бошад ба hар як халќ муќаддас,
Биё, эй hамзабон, бар ќадри он рас!
Ту чун шаhрванд муќаддас дон забонат,
Ки то бегона низ ќадраш бидонад…
Чаhон бишносад имрўз давлати мо
Туфайли hам Нишон, hам Парчами мо
Туфайли Сарвари як мулки обод,
Туфайли мардуми хушбахту озод,
Ки лафзаш ширин асту дилписанд аст
Ва тоjик з-ин hама бас сарбаланд аст.
Свидетельство о публикации №119070603097