Тарона. На таджикском языке

            ТАРОНА


Хар гах, ки ман майл суи тарабхона мекунам,
Не ёди шароб, на майл ба паймона мекунам.

Бо дили пурумеду согари лаболаб
Ман хама руз майли хамон тарона мекунам.

Бар даст гири пиёлаву тарона дар лаб
Ту ноз куни, орзуи осиёна мекунам.

Он дам, ки рабуд овози хушат аклу хушамро,
На парвои замону на ёди хона мекунам.

То набишканад хеч сабабе айшу нушамро,
Дар куллаи бехудц хазор бахона мекунам.

З-он хазор бахона гар яке дихад самар,
Дархол орзуи навозиши чонона мекунам.

Чун он тарона тапиши дили ту дар дилам навишт,
З-ин пас орзуи умри човидона мекунам.

Чист умри дарозу мазмуни хаёт?
Бо чунин  хаёл худро чаро девона мекунам?

Гар маънии зиндаги бувад пешвози мамот,
Аз чист, ки ба худ чабр мисли бегона мекунам?

Сад шукри Худо, ки имруз дилам аз гам тихист,
Бишнуда навоят ёд аз замона мекунам.

Гар ба хуруш оварад дил суруди чун афсонаат,
Боз майли он таронаву тарабхона мекунам.

Ором нафас гирифта дар хавои таронаат,
Шодам, ки такя ба Худои Ягона мекунам! 

                2007


Рецензии