Ашъори ман. На таджикском языке

   

      АШЪОРИ МАН

Чун бипурсед аз hаёту кори ман,
Ним зи hастии ман аст ашъори ман:
- Ними пурнуре, ки аз маѓзи дилам
Мавjи рангинаш - нурбахши соhилам,
Ними дилкаш, ки завќ меорад гаhе,
Гар шавад hамрози як дилогаhе,
Ними саркаш, ки hар дам мекунад туѓён,
Чун кунад hис дарду ѓами инсон,
Ними огаh аз hаёти рафтагон
Берун аз марзу ватангумкардагон,
Ними аз jабри замон дилгиршуда,
Ними бо мардони кор hамдилшуда,
Ними пурсабр дар шоhроhhои hаёт,
Бохабар аз даhшату бими мамот,
Ними хомўш назди шум иѓвогаре,
Ними дур аз сўhбати савдогаре,
Ними ѓамнок аз ѓами афтодае,
Ними шод аз маhфили озодае,
Ними пур аз шубhаву андешаhо,
Машѓули пайдокунии решаhо,
Ними ѓарќгашта дар дунёи хаёл
Бо умеди некрўзиhои аёл…



             2006


Рецензии