Пунгазу Понгоз хамаъно наянд. На таджикском

     ПУНГАЗУ ПОНГОЗ ХАММАЪНО НАЯНД,
 
ё чанд суол ба забоншиносону маќомоти дахлдор


 
           Бузургии аhамияти хислатhои hамидаи меhандўстиву ватанпарварї дар тарбияи шахсиятhои бомаърифати jамъият аксиомаест. Фардеро, ки аз таърихи на танhо Ватанамон – Тоjикистон, балки аз таъриху фарhанг ва забону лаhjаhои гуногуни меhани худ, яъне зодгоhаш, бехабар аст, шахси бомаърифат ва ватандўст шинохтан хатост. Банда гумон дорад, ки шиносої бо фарhанги ѓанию таърихи бостонии аjдодон, донистани маънии номhои шаhру деhа, кўhу дара, дарёhо, маhал ва дигар мавзеъhои jуѓрофии кишварро hам талќин намуда, дар омўзиши он дорои аhамияти назаррас низ мебошад.
          Айёми дар мактаби миёна таhсил намуданамон маънои номи деhаамонро, ки деhаи калонтарини ноhияи Ашт мебошад ва тамоми мардумаш hангоми гуфтугў «ПУНЃАЗ» талаффуз менамоянд, лекин аз чї бошад, ки дар hуjjату навиштаjоти маъмурї шакли «ПОНЃОЗ» - ро дошт, пурсон шуда, аз jавоби устодон дар hайрат мемондем. Аз як тараф ба талабагон таъкид менамуданд, ки деhаhои Даhанаю Бободархону «Понѓоз» таърихи хеле ќадимаи беш аз сеhазорсола доранд ва барои исботи ин фикр далелhои зиёд меоварданд. Дар байни он далелhо муѓхонаhои бешумори ин маввзеъhо, ки мо бо чашми худ дида будем ва бозёфтhои бостоншиносон аз он муѓхонаhо мавќеи хоса доштанд.
          Аз тарафи дигар бо усули таhлили морфологии таркиби калимаи сохтаву маъмурии «Понѓоз» онро мувофиќи ривояти беасосе, ки гўё hангоми юришhои истилогарони араб, яъне «ѓозиён», гурўhи панhсаднафарае аз онон дар ин мавзеъ маскан гирифта бошанду асосгузори деhа гаштаанд маънидод мекарданд. Xарчанд, ки ба мўътаќидони ин фарзия чунин маънидод шудани номи деhа зебо ва боэътимод менамояд, яъне «ПОН» аз калимаи «ПОНСАД» (Шакли таѓйирёфтаи шумораи «ПАНЉСАД») ва «ЃОЗ» аз калимаи арабирешаи «ЃОЗЇ», лекин hаќиќати воќеоти таърихї бемантиќ будани ин тавзеhро бе ягон душворї исбот менамояд.
        Олимони номдори соhаи забоншиносї доктори илмњои филология Баhриддин Камолиддинов,инчунин номзадhои илмhои филология Маъруф Исоматову Шомуhаммад Xайдаров ва дотсент Нурулло Азимову , ки фарзандони деhаи Пунѓазанд, ваќтhои охир дар асарhояшон истифодаи вожаи «ПУНЃАЗ» - ро афзал медонанд, ки ин низ исботи гуфтаhои болост.
       Маќсад аз ин навиштаjот ба миён гузоштани суолест, ки сокинони деhа кайhо боз интизори jавобаш hастанд:
      «Оё ваќти ба jамоат бозгардонидани номи аслиаш, яъне «ПУНЃАЗ» нарасидааст?»
      Мехоhам, шеъреро, ки дар ин мавзўъ навистаам, ба диќќати хонандагон пешниhод кунам.



  Вожаи «Пунѓаз» ба деh зебанда аст


Деhи манро Пунѓазаш номидаанд,
Васфи hуснаш карда, шеърhо гуфтаанд.
Xамчу Маъдан шоирони хушзабон,
Парваридаст деhаам дар hар замон.
Олимони давр, чун устод Баhриддин,
Дар забондонї беhамтоянду ќарин,
Ифтихорhо карда аз таърихи деh,
Бо биhишт бинмудаанд онро шабеh,
Лек суоле доим ояд бар забон:
«Пунѓаз» аст, ё «Понѓоз» ин зебомакон?
«Пунѓаз» - аш ном мегиранд мардум варо,
Лек «Понѓоз» гардидааст hоло чаро?»
Байни номи кўhнаву ин номи тар
Ихтилофе мерасад андар назар.
Лафзи «Понѓоз» байни мардум маъмур аст,
Вожаи «Пунѓаз» бошад, маъмул аст.
Солhо мо jустем jавоби ин суол,
Гарчи баъзан бар дўстон омад малол.
Боиси афсўс, к-аз «Фарhанг» - у китоб
Низ наёфтем бар суоли хеш љавоб…
«Пунѓаз» - у «Понѓоз» hаммаъно наянд,
З-ин сабаб нофаhмиhо меоваранд.
Чун ба таркибаш диhем мо эътибор,
Шояд ин  ки корамон гирад барор.
Гарчи гўянд: «Пон» -и вай аз «понсад» аст,
Чунки «панjсад» дарии сад дар сад аст…»,
Лек «ѓаз» -  ро «ѓозї» дидан аз чї буд?
Ё магар аjдоди мо аъробї буд?
То араб садсолаhо дар ин макон
Зиндагонї менамуданд тоjикон.
Олимони нуктасанjу нуктадон
Донистаанд таърихи деhро бостон.
То араб hам турку hам юнониён
Хоста буданд ѓасби мулки тоjикон.
Лек нашуд аjдоди баори халќи ман
Тўли таърих бандаи hеj Аhриман.
Дар ќатори беhтарин аhбоби худ
Пос доштанд доим забони ноби худ.
Дар забони jумла аjдодони мо
Номи деh «Пунѓаз» буд то даврони мо.
Таърихи мо бо муѓон пайваста буд,
Бо забони суѓдиён пайваста буд…
«Пун» агар бошад ишора бар макон,
Чун «кат» - у «канд» - у «кент» - hои суѓдиён,
Эhтимол «ѓаз» дар замони пештара
Номи дарё будааст, ё ки дара…
Баhри мо номаълум аст то ин замон –
«Понѓоз» номаш, ё чун «Пунук» - у «Пунгон»
Вожаи «Пунѓаз» ба деh зебанда аст?
Ин савол низ бе jавобе мондааст…

                25.08.2012







 
 
 
   
 


Рецензии