Умед аз фардо. На таджикском языке
Ба дил зад кунjи торик, кулбаи сард,
Биё, гуфтам, накунад то сарам дард,
Бароям рўи hавлї, гарчи сармост,
Ки то бозам даме бо jўраhо нард.
Яќин к-ин сардиhо аз мост, ки бо мост
Ва ин тоќаткуниhо баhри фардост…
Ба гирди миз шуданд hамсояhо jамъ,
Ки ваќти нардбозї ѓун гашта бо hам,
Каме бар ин hаёт дилгарм бигарданд,
Раhоянд муддате аз дарду аз ѓам,
Даме аз бурд ё бохт гардида хурсанд,
Зи сардиhои бахт беист наноланд.
Худоё, сабру тоќат, бешак, аз туст,
Ва гар раhме бубинам, раhмат аз туст,
Кароматhо зи туст, шукр гуфтан аз мост,
Ба hар дарди башар офият аз туст.
Вале ин сардиhо аз мост, ки бар мост,
Аз ин тоќаткуниhо умед фардост!
Декабри 2009
Свидетельство о публикации №119070403271