Садро яке гуй
Сухан гар аз дил ояду бар диле равад,
Аjоиб зебою дилкаш маhфиле шавад.
Чу бисёргўе бигирад лаjоми сухан,
Гурезанд аз он маhфил hатто зоѓу заѓан.
Лек бисёрдони бихрад дар гўшае хомўш
Мекунад hарзаи пучи hар лаќќїe гўш.
Кай бифаhмад сергап, к-оќибат шавад малъун,
Гар нагўяд кам hарфу наjўяд аз он мазмун?
Бесабаб нест, ки он бихради озодахўй
Ба шогирди бофаросаташ оварда рўй,
Бифармудаст, ки бисёр дону андаке гўй,
Маноз аз донишат hаргиз, садро яке гўй.
Биафкан дур ѓурур, машав худованди лоф,
То наафтад байни туву ёрон ихтилоф!
Октябри 2014
Свидетельство о публикации №119070403211