Тугёни ишк. На таджикском языке

                Туѓёни ишќ

   Ваќти сўhбат ёри ман абрувон бар хам кашид,
   Чеhрааш маhзун бигардид, оhи пайдарhам кашид.

   Абрувони чингашта садhо суоланд беjавоб,
   Чини абрў аз чї омад, ё ки ёрам ѓам кашид?

   Баркашидам маънии hар як сухан, к-омад зи ман,
   Лек надонистам, ки аз чї чашми ёрам нам кашид.

   Ќатраи ашк гарчи як дам рўи мижгон дам гирифт,
   Чун тавонам гуфт, к-ин дил як ќатра ѓамро кам кашид?

   Чун зи мижгон ќатра ѓелиду зи шўраш даргирифт
   Он лаби бедору дарhол  мисли абрў хам кашид,

   Розhоеро, ки буданд дар ќаъри дил он дам ниhон,
   Ларзиши лаб аз даруни сина дар як дам кашид.

   Бо забонам зуд намудам оташи лабро хамўш,
   Лаб чу дид hамтои худро нолаи беѓам кашид.

   Чун ба ваjд омад ёрам, бо чашми дил бингашт ба ман
   Ќатраhои шўъларез бо дида аз jонам кашид.

   Чинhои гесўвонаш мавj  мезаданд дар зери даст,
   Андар он мавj дасти ман hар тори бахт маhкам кашид.

   Бўсаhои пур зи хоhиш болида карданд хотирам ,
   Хотири болидаам бар захми дил  марhам кашид,

   Оhhои пурнавозиш рангин намуданд оламе,
   Ваh чї хуш он лаhзае, ки парда аз олам кашид!


                2014 с.
   


Рецензии