Субхи рушнои
(Ба шодравон Солиямоh Раhматуллоева,
муаллифи китоби "Субhи рo'шноиhо",
ки соли 2002
дар шаhри Перми Федератсияи Русия
чоп гардидааст)
Басе шабhо гузашт дар мулки дигар
Ба дури аз Ватан, аз jону jигар,
На як субhро шуда сарсону hайрон,
Гуселондам ба хотири парешон.
Ба умеде, ки бинам як замоне
Ватанро соhиби бахту тавоне
Х'амезистам ба умеде, ки рo'зе
Дурахшад ахтари оламфурo'зе.
Дурахшад дар фазои Тоjикистон,
Шавад то кишварам чун боgу бo'стон...
Садо омад зи qалби як дилогоh,
Зи qалби пурхурo'ши Солиямоh,
Ки дид бо чашми дил qaдри муhоjир,
Х'азорон тоjики гашта мусофир,
Х'азорон тоjики аз мулки худ дур,
Зи пайванду зану фарзанди худ дур.
Бидиду qалби покаш туgён бинмуд,
Ба зидди зулмати шаб исён бинмуд:
-Биёбем кай аз ин зулмат рахоi,
Куjост он нуqтаи сабри нихоi?
Куjост qадру худогоhии моён?
Куjост субhи ватанхоhии моён?
Куjост он субhи рo'шноi, ки кишвар
Зи нури рo'hбахшаш гардад мунаввар?
2003
Свидетельство о публикации №119022702706