Панди Чоми

        ПАНДИ  JОМI

Бар гo'ш гирифта панди Jомi,
Маъюс машав дар зиндагонi:
"Бо мурда мазi ба сo'гворi,
Кас зинда нашуд зи сo'гдорi".
Гар маъние чинi аз ин панд,
Х'аргиз нахурi дар jаhон фанд.
Умре, ки ба мо бидод Раhмон,
Бояд гузаронд чу некмардон.
Чун Jоми боядат накo' зист,
Х'аqдo'ст буд o', бо номи O' зист.
Бар афтодадилон тасалло,
Х'ам сабре ба дил, hам тавалло.
Дар рo'зи gаму дар мусибат
Ин як ионатест* на бидъат.
Х'ангоми gамат бинамо сабр,
Jонат зи Худост, манамо jабр.
Чi шод, чi gам ба амри Jаббор,
"Иннолиллоhи**"-ро ба ёд ор,
"Инналлоhа маъа собирин***"
Хуш ваъдаест зи Jонофарин.
Сад сол агар ту бикашi gам,
Х'аргиз н-оянд зи нав ба олам
Ононе, ки супурдаанд jон
Итоб макуну дон зи Яздон.
Чi суд зи ин шабзиндадорi,
Гар рафтаеро ту пас наорi?
"Бо мурда мазi ба сo'гворi,
Кас зинда нашуд зи сo'гдорi".


_____________________

*   Ионат - ёрi додан, мадад кардан.

**  "Инно лиллоhи инно илайhи роjиъун" - "Бешубha моро Оллоh офаридааст ва ба сo'и O' хоhем баргашт". Нигар ба Qуръон, суpaи Баqара, ояти 156, (2:156).

*** "Оллоh hамроhи собирон аст", hамон jо, ояти 153, (2:153).


                2005


Рецензии