Манхалул азбул мавруд

МАНХАЛУЛ АЗБУЛ МАВРУД

Дарида зулмати дилхо чу нурафкан офтобе,

Ба мо аз олами улви ато гардидааст обе,

Варо, алхак, бидонистанд чун манхалул азбул мавруд,

Мабод харгиз он рузе, ки хушкад оби шавкати он руд.

Ва он обро хамебошад сарчашмае пур аз шавкат,

Ба насли одам он чашма ато гаштаст чун рахмат.

Намуда пур зи нури худ дили хар як мусулмонро,

Чун пайгоми Илохи овард оят-оят Куръонро.

Чу рехтанд катрахои рухбахшаш дар хама дунё,

Зи хар як катрааш ширин гашт укёнусу дарё.

Хидоят кард муъминонро суи манбаи имон,

Ки он манбаъ моро паёме буд аз Хазрати Рахмон.

Ва панч вакти намоз моён дуруд гуем ба он Пешво,

Ки бинмудааст ба хукми Хак ба муъминон дари дин во!


                2011 г.


Рецензии