Мебояд кашид газал-точики
Пойро аз даргањи номард мебояд кашид.
Эътибори дўстро гум карда бошї оќибат,
Мушти њасрат бар сар, оњи сард мебояд кашид.
Гар дилеро нест мењру одамият ошно,
Пас хати бутлон ба номи фард мебояд кашид.
Домани дунё махуф аст, доштан аз бањри чї,
Дастро, њар он чи бояд кард мебояд кашид.
Маънї андар ќалби ту оинапардозї кунад,
Пардаи њикмат ба рўи зард мебояд кашид.
Зиндагонї бигзарад, эй вой, аз дасти аљал,
Дар лањат афсўс, чангу гард мебояд кашид.
Свидетельство о публикации №116020906793